Кабирӣ «ҳатто таҳти ҷавобгарии ҷиноӣ қарор гирифтан» низ аз шаҳрдории Душанбе узр намепурсад

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲНИТ, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба аз ҷониби суд уҳдадор шудани маъзарат хостанаш тавассути ВАО аз шаҳрдории Душанбе изҳор намуд, ки «ман ҳатто таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор грифтан ҳам, аз шаҳрдории Душанбе узр намепурсам». Сабаби ба суд муроҷиат кардани мақомоти шаҳрдорӣ иттилои интишоршуда дар ОИ TojNews […]

Аваз Юлдошев


Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲНИТ, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба аз ҷониби суд уҳдадор шудани маъзарат хостанаш тавассути ВАО аз шаҳрдории Душанбе изҳор намуд, ки «ман ҳатто таҳти ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор грифтан ҳам, аз шаҳрдории Душанбе узр намепурсам».

Сабаби ба суд муроҷиат кардани мақомоти шаҳрдорӣ иттилои интишоршуда дар ОИ TojNews буд, ки дар он вакил зимни суханронӣ гӯё изҳор дошта бошад, ки баъди 10 сол Душанбе бидуни дарахт ва «тамоман урён» мешавад.

«Маро мавқеи суд ба тааҷҷуб овард, ки зимни баррасии даъвои шаҳрдорӣ алайҳи ман на ба стенограммаи иҷлосияи палатаи поёнии парлумон, балки ба маводи дар ВАО интишоршуда такя мекард», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки суд сабти видеоии суханронии ӯ дар он иҷлосияро ба инобат нагирифтааст, зеро дар он ҷо ин гуна суханон садо надода буданд.

Пас аз қарори суд дар моҳи январ Кабирӣ дарҳол изҳор намуда буд, ки назди шаҳрдорӣ узр пурсиданӣ нест. Зимни як вохӯрӣ дар Эрон бо донишҷӯёни тоҷик ӯ дар ин маврид чунин гуфта буд: «Ман намедонам, ки суд минбаъд чӣ гуна тасмим хоҳад гирифт, вале бори дигар хотиррасон мекунам, ки ҳеҷ гоҳ барои гуфтаҳоям узр намепурсам, зеро ман ҳақиқатро ба забон оварда будам. Ва умуман барои чӣ ман маъзарат хоҳам? Барои он ки узви комиссияи экологии парлумон буда, ин масъаларо ба баррасӣ гузоштам?».

«Мо танҳо барои он узр пурсида метавонем, ки шаҳрвандони ин кишвар буда, ин ҷо зода шудаву зиндагӣ мекунем! Ва мехоҳем бигӯем, ки минбаъд метавонед бибуред, кашонед, фурӯшед, ин кори шумо аст. Аммо узр намепурсем, ин яқин аст», – афзуда буд дар он вохӯрӣ Муҳиддин Кабирӣ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.