Афзоиши шумори ҷиноятҳои сабтшуда дар Суғд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шумори ҷиноёти сабтшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзуд. Тавре аз Сарраёсати Агентии омори вилояти Суғд хабар доданд, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилии вилоят 3315 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 353 ҳолат ё худ 11,9% […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шумори ҷиноёти сабтшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзуд.

Тавре аз Сарраёсати Агентии омори вилояти Суғд хабар доданд, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилии вилоят 3315 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 353 ҳолат ё худ 11,9% бештар аст.

Ба иттилои манбаъ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2013 шумори ҷиноятҳои вазнин 36 ҳолат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Шаҳристон – 14, Кӯҳистони Мастчоҳ – 4, Зафаробод – 3 ҳолат, Ашт – ба андозаи 85,7% ва шаҳри Истиқлол –  50% зиёдтар шудааст.

Гуфта мешавад, шумори ҳодисаҳои дуздӣ дар вилоят дар ин давра 613 ҳолатро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 7,4% камтар аст. Аз ин шумор ҳолатҳои ғорати манзилҳо ба миқдори 22,2% коҳиш ёфтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.