Экологҳои тоҷик аз коршиносни аврупоӣ таҷриба меандӯзанд

Рӯзҳои 17-18-уми октябр дар доираи Платформа барои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист дар Душанбе таҳти унвони «Арзёбии таъсир ба муҳити зист ва Арзёбии стратегии экологӣ» семинар-тренинг доир мегардад. Дар иттилоияи намояндагии ИА дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки дар кори семинар беш аз 40 нафар намояндагони ташкилотҳои милливу […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 17-18-уми октябр дар доираи Платформа барои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист дар Душанбе таҳти унвони «Арзёбии таъсир ба муҳити зист ва Арзёбии стратегии экологӣ» семинар-тренинг доир мегардад.

Дар иттилоияи намояндагии ИА дар Тоҷикистон зикр мегардад, ки дар кори семинар беш аз 40 нафар намояндагони ташкилотҳои милливу минтақавии машғул ба фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, вазорату идораҳои дахлдори кишвар, олимону аҳли ҷомеа ва коршиносони варзидаи ин соҳа иштирок доранд.

«Дар Иттиҳоди Аврупо барномаи  Арзёбии таъсир ба муҳити зист аз соли 1960 ҳамчун воситаи ҳифзи муҳити зист ва коҳиши зиёни зараровар аз фаъолияти саноатӣ истифода шуда, муқаррароти ин барнома машварати ҳатмӣ бо аҳли ҷомеа, мақомоти маҳаллии давлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро тақозо менамояд ва барои пешгирии низоъҳо ва эмин нигоҳ доштани муҳити табиӣ ҳамчун воситаи пурсамар ва санҷидашуда хизмат мекунад», – гуфта мешавад дар иттилоия.

Барномаи Арзёбии стратегии экологӣ қабули қарорҳои стратегӣ барои таъмини баҳисобгирии ҷанбаҳои экологӣ ва дигар ҷанбаҳои рушди устувор зимни таҳияи сиёсатҳои гуногун, нақшаҳои дарозмуддат ва барномаҳоро пешбинӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.