Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар маҷмаии давлатии «Кохи Ваҳдат» Анҷумани ҷумҳуриявии «Кормандони ғайриштатии милитсия» ва «Дружиначиёни ихтиёрӣ» доир мегардад. Оғоз соати 09:00; – Дар маҷлисгоҳи РБДА ВКД ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба баррасӣ намудани Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2013-2020 бо иштироки намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мешавад. Оғози маҷлис соати 14:00; – Дар […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар маҷмаии давлатии «Кохи Ваҳдат» Анҷумани ҷумҳуриявии «Кормандони ғайриштатии милитсия» ва «Дружиначиёни ихтиёрӣ» доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

– Дар маҷлисгоҳи РБДА ВКД ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба баррасӣ намудани Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2013-2020 бо иштироки намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мешавад. Оғози маҷлис соати 14:00;

– Дар доираи Платформа барои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист дар Душанбе таҳти унвони «Арзёбии таъсир ба муҳити зист ва Арзёбии стратегии экологӣ» семинар-тренинг ба кори худ идома медиҳад;

– Дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» маросими муаррифии ширкати русиягии «Возрождение» барпо мегардад, ки дар бахши сохтмони роҳу нақб ва пулҳо ба фаъолият машғул аст. Оғози маросим соати 09:30.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7696

сомонӣ;


1

евро

– 6.4887

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1499

сомонӣ.



Як рӯзи таърих




1922

– Таъсиси ширкати радиошунавонии бритониёии ВВС.


1996

– Анҷоми корҳои таҷдиди хатти парвозу нишасти фурудгоҳи Душанбе.


1918-1990

– Зодрӯзи актёр ва коргардон, Ҳунарпешаи шистаи Тоҷикистон Саъдулло Каримов.


1962

– Мавлуди директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +20+25.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13 рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +16+21.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +23+28, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +21+26.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +20+25;  дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +10+15.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +24+26.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +22+24.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +24+26.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +20+22.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.