Раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия мухолифи ҷорисозии раводид бо Тоҷикистон аст

Раиси Кумитаи давлатии Думаи Русия оид ба умури ИДМ Леонид Слутский изҳор намудааст, ки мухолифи ҷорисозии реҷаи раводид бо Тоҷикистон аст. Дар ин бора хабаргузории REGNUM иттилоъ медиҳад. «Имрӯз танҳо аз Тоҷикистон 1 млн. 130 ҳазор нафар дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва бо назардошти қазияи Бирюлов, дарҳол онҳоро душман донистану раводид ҷорӣ кардан воситаест, […]

ASIA-Plus


Раиси Кумитаи давлатии Думаи Русия оид ба умури ИДМ Леонид Слутский изҳор намудааст, ки мухолифи ҷорисозии реҷаи раводид бо Тоҷикистон аст. Дар ин бора хабаргузории REGNUM иттилоъ медиҳад.

«Имрӯз танҳо аз Тоҷикистон 1 млн. 130 ҳазор нафар дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва бо назардошти қазияи Бирюлов, дарҳол онҳоро душман донистану раводид ҷорӣ кардан воситаест, ки мо ба иғво дода шуда, онро қабул мекунем ва ба ҷудоиандозии ҷиддӣ дучор мегардем», – гуфтааст Слутский зимни конфронси матбуотӣ дар Маскав.

Вакили Думаи давлатии Русия эътироф кардааст, ки «дарёфти созиш миёни воситаи қонунӣ (нисбат ба сиёсати муҳоҷират) ва шадид хеле мушкил аст». «Аз ифрот дар ин масоил мебояд худдорӣ варзид», – бар ин назар аст Слутский.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки рӯзҳои наздик баимзорасӣ ва тасдиқи созишномаҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистон дар назар аст, ки баҳри танзими масоили муҳоҷирати корӣ ва «ва ба низом овардани онҳо нисбати муҳоҷирон ва ҷомеаи Русия нигаронида шудаанд». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.