Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия масъалаи тезонидани амалисозии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард

Date:


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар вазорати умури хориҷии Русия мулоқоти вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷики худ Ҳамрохон Зарифӣ доир гардид.




Роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.



Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаи тезонидани амалисозии сохтмони як қатор иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистонро, ки дар ин хусус зимни боздиди расмии президенти Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд, муҳокима намуданд.



«Ҳамчунин атрофи масъалаҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва фароҳам сохтани шароити мусоиди кору зисти онҳо дар Русия табодули афкори судманд сурат гирифт», – афзуд манбаъ.




 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...