Моҳи сентябри соли равон ҳудуди 140 млн. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода шуд, ки нисбат ба моҳи августи ҳамин сол тақрибан 14% (22 млн. кВт/соат) камтар аст. Дар ин бора дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» маълумот дода мешавад.
Дар ширкати «Барқи тоҷик» коҳиши ҳаҷми интиқоли барқ ба кишвари ҳамсояро ба кам шудани воридоти маҷрои об ба обанбораи Норак маънидод мекунанд, ки ҳаҷми ҷоришавии он ба обанбор дар моҳи сентябр 521 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, аз нишондиҳандаи миёна 72,4 метри мукаб поинтар аст ва бо ин сабаб истеҳсоли барқ дар кишвар дар моҳи сентябр нисбат ба моҳи август 8,4% коҳиш ёфтааст.
Ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳудуди 45,6 млн. кВт/соат барқ истеҳсол шудааст. Дар моҳи август ин нишондиҳанда қариб ба 50,8 млн. кВт/соат баробар буд.
Дар ҳамин ҳол, моҳи сентябр истифодаи барқ дар саросари кишвар ба беш аз 1 млрд. 225 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи август тақрибан 11% камтар мебошад.



