Бо қарори додгоҳ собиқ корманди радиои «Озодӣ» дар ҷои кори пешинааш барқарор гардид

                       Душанбе. 5-уми сентябр. – Дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мурофиаи ниҳоӣ аз рӯи даъвои журналист Холиқи Сангин алайҳи радиои «Озодӣ» ба фоидаи журналисти тоҷик ба итмом расид.             Ҳамоҳангсози Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Воҳидов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки суд радиоро муваззаф кардааст, ки музди […]

Аваз Юлдошев


          



           

Душанбе. 5-уми сентябр. – Дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мурофиаи ниҳоӣ аз рӯи даъвои журналист Холиқи Сангин алайҳи радиои «Озодӣ» ба фоидаи журналисти тоҷик ба итмом расид.





           

Ҳамоҳангсози Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Воҳидов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки суд радиоро муваззаф кардааст, ки музди давраи бекорбудаи рӯзноманигорро пардохт намояд.




           

«Ҳалнома то ҳанӯз ҳукми қонуниро нагирифтааст ва дар сурати норизо будан ҷонибҳо метавонанд шикояти кассатсионӣ баранд», – зикр кард манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки мурофиаи мазкур моҳи ноябри соли 2007 оғоз гардида буд. Холиқи Сангин даъво оварда буд, ки қарордоди меҳнатӣ бо ӯ аз ҷониби радиои «Озодӣ» ғайриқонунӣ бекор шудааст ва талаб дошт, ки радио ба ӯ 50 ҳазор доллари ИМА товони зарари маънавӣ диҳад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.