Таваҷҷуҳи зиёди кореягиҳо ба филми Носир Саидов «Оинаи беҷило»


Дар кинофестивали байнулмилалии шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ филми нави ҳунарии коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов «Оинаи беҷило» пешкаши тамомошобинон гардид.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коргардони филм дар ин робита иттилоъ дод, ки тамошобинон ба филм таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. «Онҳо дар бораи кинематографи тоҷик ва мавзӯи филм саволҳо дода, дар умум муноисбати иштирокчиёни фестивал ба филм хеле самимӣ буд», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар дар кинофестивали байнулмилалии шаҳри Пусан 299 филм аз 70 кишвари дунё ба маърази тамошову таҳлил ва арзёбӣ гузошта шуд.

Ба гуфтаи коргардони филм, пешниҳоди филми ҳунарии «Оинаи беҷило» барои намоиш дар кинофествалҳои дигар низ омода гардида, намоиши онро дар фестивали байнулмилалии кино дар шаҳри Ченнаи (Ҳиндустон) даъват кардаанд. 

spot_imgspot_img

Популярное