ВКД то ҳанӯз дар бораи макони будубоши Р.Амонулло маълумот намедиҳад

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ то ҳанӯз дар мавриди пешниҳоди маълумот дар бораи макони будубоши гунаҳкори садамаи фоҷеабор дар пойтахт, ки бар асари он се нафар ҷон бохтанд, хомӯширо ихтиёр кардааст. Чанд рӯз қабл дар маркази матбуоти ВКД ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» ваъда дода буданд , ки ояндаи наздик дар ин хусус маълумот пешниҳод хоҳанд кард, […]

ASIA-Plus


Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ то ҳанӯз дар мавриди пешниҳоди маълумот дар бораи макони будубоши гунаҳкори садамаи фоҷеабор дар пойтахт, ки бар асари он се нафар ҷон бохтанд, хомӯширо ихтиёр кардааст.

Чанд рӯз қабл дар маркази матбуоти ВКД ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс»

ваъда дода буданд

, ки ояндаи наздик дар ин хусус маълумот пешниҳод хоҳанд кард, аммо то ҳанӯз ҳеҷ маълумоте аз онҳо дастрас нашудааст.

Бо идомаи таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур хабаргузории «Азия-Плюс» ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ муроҷиат кард ва дар ин ҷо оид ба ин қазия иттилоъ доданд, ки дар тавқифгоҳи мувақкқатӣ (СИЗО)-и Вазорати адлия Расули Амонулло ҳузур надорад. «Шояд ӯ дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ қарор дошта бошад, зеро танҳо баъди анҷоми тафтишот ӯро ба ихтиёри мо месупоранд», – гуфтанд дар сарраёсати мазкур.

Дар ҳамин ҳол, ба ҷустуҷӯи гунаҳкори ин садама васоити ахбори умуми дигар низ машғуланд. Хабаргузории TojNews бо истинод ба як сарчашма аз атрофи Р.Амонулло хабар медиҳад, ки ӯ дар Олмон қарор дошта, аммо рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меояд. Ба гуфтаи яке аз наздикони ин оила, Расул ҳанӯз то рух додани садама билети парвоз ба Олмонро дар даст доштааст.

Рӯзномаи «ИмрӯзNews» бо такя ба як сарчашма аз мақомоти интизомӣ иттилоъ медиҳад, ки Р.Амонулло аллакай боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе таҳти назорати кормандони мақомот ва табибон қарор дорад.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Расул Амонулло аз рӯзи 11-уми октябр таҳти забонхати тарк накардани маҳалли зист қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.