Боздошти як тоҷик дар Ӯзбекистон барои сабти оятҳо дар телефон

Сокини шаҳри Душанбе Зубайд Мирзораҳимовро кормандони хадамоти гумруки Ӯзбекистон барои дар телефони ҳамроҳаш ҷой доштани сабтҳои оятҳои Қуръон боздошт намудаанд. Дар ин бора ба идораи хабаргузории «Азия-Плюс» падари боздоштшуда Холмурод Мирзораҳимов шикоят кард. Ба гуфтаи ӯ, боздошти писараш рӯзи 20-уми сентябр зимни сафар ба Кореяи Ҷанубӣ тариқи қаламрави Ӯзбекистон сурат гирифтаааст. «Писарам муддати 5 сол […]

ASIA-Plus


Сокини шаҳри Душанбе Зубайд Мирзораҳимовро кормандони хадамоти гумруки Ӯзбекистон барои дар телефони ҳамроҳаш ҷой доштани сабтҳои оятҳои Қуръон боздошт намудаанд. Дар ин бора ба идораи хабаргузории «Азия-Плюс» падари боздоштшуда Холмурод Мирзораҳимов шикоят кард.

Ба гуфтаи ӯ, боздошти писараш рӯзи 20-уми сентябр зимни сафар ба Кореяи Ҷанубӣ тариқи қаламрави Ӯзбекистон сурат гирифтаааст. «Писарам муддати 5 сол аст, ки ба тиҷорат машғул буда, бо худ 20 ҳазор доллари ИМА маблағи пулӣ дошт. Зимни суҳбати охирин ӯ ба ман изҳор намуд, ки ӯро гумрукчиён боздошт намуда, ба мақомоти амнияти миллии Ӯзбекистн супурдаанд. Мо намефаҳмем, ки писарамон чӣ гуноҳ дорад», – мегӯяд Х.Мирзораҳимов.

Ба қавли номбурда, онҳо ҷиҳати кӯмак ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, аз вазорат ба онҳо иттилоъ додаанд, ки рӯзи 1-уми октябр тавассути сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба кишвари ҳамсоя дар мавриди ин ҳодиса нота фиристода шудааст, вале то ҳанӯз онҳо ба он посух нагирифтаанд.

«Акнун мо чӣ кор карданамонро намедонем. Писарам се кӯдаки хурдсол дошта, ҳамсараш ҳам дар ташвиш аст. Мо намедонем, ки дигар ба куҷо муроҷиат кунем, – иброз дошт ӯ.

Барои рӯшанӣ андохтан ба масъала ОИ «Азия-Плюс» ба Вазорати корҳои хориҷии Тҷикистон муроҷиат кард. Намояндаи вазорат иттилоъ дод, ки онҳо ин қазияро пайгирӣ дошта, вале ҷониби Ӯзбекистон алҳол ҳеҷ гуна посухе ба онҳо пешниҳод накардааст.

«Дар ин мавридҳо ВКХ Ӯзбекистон ба мақомоти дахлдори кишвараш муроҷиат намуда, посухи онҳоро интизор мешавад, ки он метавонад муддати хеле зиёд, баъзан ҳатто аз як моҳ зиёдтарро дар бар гирад. Дирӯз дар робита ба ин масъала мо бо сафоратамон дар Ӯзбекистон суҳбат доштем, вале онҳо хабар доданд, ки то ҳол посух нагирифтаанд», – гуфт намояндаи вазорат.

Намояндаи вазорат зикр кард, ки онҳо ин ҳодисаро таҳти назорат қарор додаанд. «Ин аввалин чунин ҳодиса нест, ки барои сабт дар телефон шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбекистон боздошт мешавад. Шикоятҳои дигари марбут ба ҳодисаҳои рухдода бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар марз бо Ӯзбекистон низ мавҷуданд», – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.