Ҷаласаи нахусти ҳайати ҳакамони озмуни «Қуллаи шараф»

Чанде қабл бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода ҷаласаи нахустини ҳайати ҳакамони озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» вобаста ба муайян намудани бренди сол дар Тоҷикистон бо мақсади баррасии фаъолияти минбаъдаи ҳакамон баргузор гардид. Тавре аз МД «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, бо пешниҳоди кумитаи тадорукоти озмуни мазкур ҳайати ҳакамон аз ҳисоби […]

ASIA-Plus


Чанде қабл бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода ҷаласаи нахустини ҳайати ҳакамони озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» вобаста ба муайян намудани бренди сол дар Тоҷикистон бо мақсади баррасии фаъолияти минбаъдаи ҳакамон баргузор гардид.

Тавре аз МД «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, бо пешниҳоди кумитаи тадорукоти озмуни мазкур ҳайати ҳакамон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки раисии онро вазир Ш.Раҳимзода ба ӯҳда гирифт.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур тибқи маълумоти директори МД «Маркази миллии патенту иттилоот» Ҷамшед Қурбонов, дар рафти қабули ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур 53 ариза аз ширкатҳои дохиливу хориҷӣ ворид гардидааст.

Дар рафти ҷаласа аъзоёни тозаинтихоби ҳайати ҳакамон масъалаҳои баҳсталабро вобаста ба баҳодиҳӣ ва муайянсозии ғолиб  мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз ҷониби намояндагони муассиса посухҳои зарурӣ дода шуд.

Зимнан зикр гардид, ки натиҷаи озмуни мазкур дар аввали моҳи декабри соли 2013 ҷамъбаст карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.