КМИР бақайдгирии номзадии Бобоназароваро рад кард

Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оид ба сабтиноми номзадашро рад карда, ин амали худро бо он асонок намуд, ки ҳизб саривақт ба КМИР асноди заруриро пешниҳод накардааст. Ёдрас мекунем, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар номае ба унвони раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён дар бораи ҷамъоварии миқдори зарурии овозҳо […]

ASIA-Plus


Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дархости Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оид ба сабтиноми номзадашро рад карда, ин амали худро бо он асонок намуд, ки ҳизб саривақт ба КМИР асноди заруриро пешниҳод накардааст.

Ёдрас мекунем, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар номае ба унвони раиси КМИР Шермуҳаммади Шоҳиён дар бораи ҷамъоварии миқдори зарурии овозҳо (202 ҳазор) дар сурати 4 млн. 22 ҳазор ё 4 млн. 34 ҳазор будани шумори умумии интихобкунандагон, ки аллакай зиёда аз 5%-ро ташкил медиҳад, маълумот дода, ҳамчунин таъкид дошта буд, ки вақти ҷамъоварии имзоҳо то соати 18:00 рӯзи 10-уми октябр дароз шуда буд, вале аллакай рӯзи дигар роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев тавассути хабаргузории «Азия-Плюс» изҳор кард, ки Бобоназарова миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ карда натавониста, аз маъракаи пешазинтихоботӣ хориҷ мешавад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Кабирӣ зикр кард, ки Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар ҷаласаи навбатии худ, ки дар фурсатҳои наздиктарин доир мегардад, иқдомоти минбаъдаи иттиҳодро баррасӣ мекунад. «Шояд мо дар интихобот иштирок накунем ва бо кадом тарз иштирок накарданамонро баррасӣ хоҳем кард», – иброз дошт раиси ҲНИТ.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, то субҳи рӯзи 11-уми октябр номзад аз ҲНИТ ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова миқдори зарурии имзоҳо ба ҷонибдории худ – 210 ҳазор имзоро ҷамъоварӣ карда натавонист. Роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, ки номзади ҲНИТ Бобоназарова аз маъракаи интихоботӣ хориҷ карда мешавад.

Дар Тоҷикистон аз 16-уми октябр расман маъракаи пешазинтихоботӣ ба мансаби президентӣ оғоз гардид. Интихобот рӯзи 6-уми ноябр доир мегардад. Айни замон ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова