Иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов


Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба иҷро расид.

Тавре  ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз аз маркази матбуоти ҳукумати вилоят хабар доданд, чанде рӯз қабл 185 наваскарони даъватшуда аз ин ноҳия ба қисмҳои низомии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа фиристода шуданд.

Бино ба маълумоти комиссариати ҳарбии вилоят, шурӯъ аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ беш аз 1 ҳазор нафар нафваскарон аз шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳои Тоҷикистон сафарбар гардидаанд.

spot_imgspot_img

Популярное