Аксияи «Президенти ман»-и ташкилоти «Созандагони Ватан»

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар арафаи баргузории интихоботи президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Президенти ман!» аксияи умумиҷумҳуриявӣ доир менамояд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, аксияи мазкур бо ҷалби ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, дар доираи он дар мувофиқа бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии Ситоди Марказӣ ва ситодҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии […]

ASIA-Plus


Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар арафаи баргузории интихоботи президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Президенти ман!» аксияи умумиҷумҳуриявӣ доир менамояд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, аксияи мазкур бо ҷалби ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, дар доираи он дар мувофиқа бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии Ситоди Марказӣ ва ситодҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоии ҷавонон дар назар гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи асосии аксияи мазкур таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботӣ ва дастгирии номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, баргузории он рӯзи 2 ноябри соли 2013, соати 8-00 дар марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар аксияи мазкур ҷавонон бо парчам, шиору овеза ва расми номзад дар хиёбону роҳҳои асосӣ роҳпаймоӣ намуда, дар нуқтаи хотимавии роҳпаймоӣ мулоқоти ҷавонон бо гуруҳҳои таблиғотӣ ва бо ҷалби ҳунармандон барномаи фарҳангӣ доир карда мешавад.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 25 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 60 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.