Аз рӯзи сешанбе обуҳаво дар Тоҷикистон сард мешавад

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, шурӯъ аз 22-юми октябр поинравии ҳарорат дар Тоҷикистон дар назар аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, нимаи дуюми рӯзи 22-юми октябр аз пурзӯр шудани суръати вазиши шамол ва поиравии ҳарорат ба андозаи 7-8 дараҷа интизорӣ меравад. Поинравии ҳарорат бештар дар вилояти Суғд ва минтақаи ҷануби кишвар […]

Валентина Кондрашова


Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, шурӯъ аз 22-юми октябр поинравии ҳарорат дар Тоҷикистон дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, нимаи дуюми рӯзи 22-юми октябр аз пурзӯр шудани суръати вазиши шамол ва поиравии ҳарорат ба андозаи 7-8 дараҷа интизорӣ меравад.

Поинравии ҳарорат бештар дар вилояти Суғд ва минтақаи ҷануби кишвар ба мушоҳида расида, суръати вазиши шамол шадидтар ва чангу ғубор мефарояд. Ҳамин тариқ, нимаи аввали рӯз дар шаҳри Хуҷанд обуҳавои тағйирёбанда ва фаромадани чангу ғубор дар назар буда, ҳарорат шабона 5-7 дараҷа гарм ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Қӯрғонтеппа обуҳавои абрнок пешбинӣ гардида, шомгоҳон боридани борон, баъзан борони шадид дар назар аст. Ҳарорат шабона 6-8 дараҷа гарм ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои наздик дар ВМКБ обуҳавои устувори бебориш дар назар аст. Пагоҳ дар шаҳри Хоруғ обуҳавои абрнок, вале бидуни боришот пешбинӣ мешавад.

Нимаи аввали рӯзи 22-юми октябр дар Душанбе обуҳавои тағйирёбанда дар назар буда, каме чангу ғубор мефарояд ва ахири рӯз аз боридани борон интизорӣ меравад. Дар пойтахт ҳарорат шабона ба 6-8 дараҷа гарм ва рӯзона ба 20-21 дараҷа гармӣ баробар хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзи 23-юми октябр дар ҷумҳурӣ борони шадид ва сардшавии ҳарорат дар назар буда, дар манотиқи воқеъ дар баландии 2,5 ҳазор метр барфи тар меборад. Рӯзи 24-уми октябр обуҳавои бидуни боришот пешбинӣ шуда, вале рӯзҳои 25 ва 26-уми октябр боз обуҳавои ноустувор ва баъзан боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.