Боздиди Омбудсмен аз ҳуҷраҳои тавқифгоҳи муваққатии пойтахт

spot_imgspot_img

Дата:


Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бо кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор тибқи нақшаи кории мақомот рӯзи 22-юми октябри соли 2013 ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққат ӣ (СИЗО)-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ш. Душанбе ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти макомоти мазкур, мақсад аз ташрифи Ваколатдор ба муассисаи мазкур шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи гумонбаршудагон ва шароити нигоҳдории онҳо буд.

Ба иттилои мнабаъ, ҳангоми сӯҳбат бо сардори муассиса Таваралиев М.Х. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба тартиби нигоҳдории занҳо, ноболиѓон, тартиби азназаргузаронии тиббии гумонбаршудагон, мӯҳлати нигоҳдошт, мавҷуд будани камераҳои назоратӣ дар муассисаи мазкур пурсон шуд. Ҳамчунин, Ваколатдор бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдошти шахсони дар муассиса қарордошта, шароитҳои моддӣ (ҳӯрок, пӯшок, ҷои хоб) ва шароити санитарӣ  шинос шуд.

Зимни боздид Ваколатдор ба ҳуҷраҳое, ки дар он гумонбаршудагон нигоҳ дошта мешаванд, даромада, бо онҳо як ба як сӯҳбат намуда, оид ба муносибати кормандони муассиса нисбати онҳо пурсон шуд.

Инчунин ҳангоми боздид ба кормандони муассиса талаботҳои санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва қонунгузории амалкунанда оид ба меъёрҳои муносибат бо шахсони гумонбаршуда фаҳмонида шуд.

Дар вақти боздид маълум гардид, ки умуман шароити нигоҳдорӣ дар муассисаи зикргардида қаноатбахш аст.

Бояд қайд кард, ки боздидҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз чунин муассисаҳо дар оянда идома меёбанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...