Дархости З.Саидов оид ба баррасии парванда бидуни ҳузури худ

Дар мурофиаи навбатии судӣ соҳибкор Зайд Саидов ба нишони эътироз аз суд дархост намуд, ки минбаъд парвандаи ҷиноии ӯ бидуни ҳузури худаш дар толори суд баррасӣ шавад. Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки баъди аз ҷониби суд рад шудани ташсиси такрории ДНК-и кӯдак, ки ба эҳтимоли падар будани […]

ASIA-Plus


Дар мурофиаи навбатии судӣ соҳибкор Зайд Саидов ба нишони эътироз аз суд дархост намуд, ки минбаъд парвандаи ҷиноии ӯ бидуни ҳузури худаш дар толори суд баррасӣ шавад.

Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки баъди аз ҷониби суд рад шудани ташсиси такрории ДНК-и кӯдак, ки ба эҳтимоли падар будани ӯ ба ин кӯдак соҳибкорро гунаҳкор мекунанд, ӯ ба чунин қарор омадааст.

Ба қавли адвокат, Саидов аз якҷонибаву ғайривоқеӣ ва бидуни риояи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ баррасӣ шудани парвандааш норозигӣ изҳор намудааст.

«Ба нишони эътироз ӯ имрӯз аз суд дархост намуд, ки натанҳо бидуни ҳузури худаш парванда баррасӣ шавад, балки ҷониби ҳимояи ӯ низ дар суд иштирок накунад, зеро мурофиаи тамоили гунаҳкориро пайдо карда, ба ӯ барои ҳимоят аз худ имкон намедиҳанд», – гуфт Қудратов.

Рӯзи сешанбе ҷониби ҳимоя аз суд дархост намуд, ки ташхсиси ДНК-и кӯдак такроран баргузор гардад, зеро адвокатҳои соҳибкор ба қонунӣ будани хулосаи ташхиси дар маводи парванда вуҷуддошта шубҳа доранд. «Ташхиси аввали ДНК бидуни риояи Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ гузаронида шуд, чунки аз зерҳимояи мо мавод барои ташхиси генетикии ДНК гирифта нашуда буд», – мегӯяд ҳуқуқшинос.

Имрӯз ҳам суд бо сабаби дар парванда аллакай мавҷуд будани хулосаи ташхиси генетикии ДНК, баргузор намудани ташхиси такрориро рад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.