Шаҳриёр Аҳмедов дар даври 1/4 финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс

Танҳо як варзишгари тоҷик Шаҳриёр Аҳмедов (вазни то 52 кило) қувваозмоиҳо барои дарёфти медали Чемпионати ҷаҳон оид ба боксро идома медиҳад. Дар қувваозмоии ахир ӯ боксчии Пуэрто-Рикоро шикаст дода, ба давраи чаҳорякфиналӣ роҳ ёфт. Дар набардҳои қаблӣ ӯ бар варзишгарони Украина ва Италия дастболо шуд. Дигар муштзанони тоҷик – Ораз Афзалшоев (вазни то 56 кило), […]

Ҳайдар Шодиев


Танҳо як варзишгари тоҷик Шаҳриёр Аҳмедов (вазни то 52 кило) қувваозмоиҳо барои дарёфти медали Чемпионати ҷаҳон оид ба боксро идома медиҳад.

Дар қувваозмоии ахир ӯ боксчии Пуэрто-Рикоро шикаст дода, ба давраи чаҳорякфиналӣ роҳ ёфт. Дар набардҳои қаблӣ ӯ бар варзишгарони Украина ва Италия дастболо шуд.

Дигар муштзанони тоҷик – Ораз Афзалшоев (вазни то 56 кило), иштирокчии Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Анвар Юнусов (вазни то 60 кило), Шавкатҷон Раҳимов (вазни то 64 кило), Наврӯз Ҷафоев (вазни то 60 кило), Ҷаҳон Қурбонов (вазни 91 кило) ва Меҳроҷиддин Каримов (вазни зиёда аз 91 кило) дар даврҳои қабл аз чаҳорякфиналӣ ба шикаст дучор шуданд.

Мусобиқоти XVII-уми Чемпионати ҷаҳони оид ба бокс (AIBA) миёни калонсолон 14уми октябр дар шаҳри Алмаато оғоз гардида, то 26-уми октябр идома меёбад. Дар ин мусобиқоти 576 нафар варзишгарон аз 118 кишвари дунё ширкат меварзанд. Зимни мусобиқот дар маҷмӯъ барои дарёфти 10 комплекти медалҳо рақобатҳо сурат мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.