Дастгирии Буҷети давлатии соли 2014 дар парлумон

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон аз лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» ҷонибдорӣ карда шуд. Зимни ҷаласа муовини раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Сафаралӣ Раҷабов дар ин робита изҳор намуд, ки дар ҷараёнии баррасии сеҳафтаинаи лоиҳа дар кумитаву комиссияҳои парлумон вакилон ҳеҷ тағйироту илова ба […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон аз лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» ҷонибдорӣ карда шуд.

Зимни ҷаласа муовини раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Сафаралӣ Раҷабов дар ин робита изҳор намуд, ки дар ҷараёнии баррасии сеҳафтаинаи лоиҳа дар кумитаву комиссияҳои парлумон вакилон ҳеҷ тағйироту илова ба ин лоиҳа пешниҳод накардаанд.

Ҳангоми шарҳи буҷети соли ояндаи кишвар ба вакилон вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов зикр кард, ки чун солҳои пешин маблағи зиёди буҷет ба бахши иҷтимоии кишвар равона мегардад.

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ барои соли оянда 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (28,7% ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба Буҷети давлатии соли 2013 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Касри буҷет дар ҳаҷми 242,1 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи пешгӯиҳои ҳукумат, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ва индекси дефлятор 5,9% ба нақша гирифта шудааст.

«Мувофиқи ҳисобҳои мо, қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА ба 4,84 сомонӣ барои 1 доллар баробар хоҳад буд», – гуфт вазир.

Ба қавли ӯ, соли оянда Тоҷикистон ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисод дар ҳаҷми беш аз 2 млрд. сомониро ба нақша гирифта, барои хароҷот дар бахши иҷтимоӣ 7,7 млрд. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.