Боздиди Омбудсмен аз ҳуҷраҳои тавқифгоҳи муваққатии пойтахт

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бо кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор тибқи нақшаи кории мақомот рӯзи 22-юми октябри соли 2013 ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққат ӣ (СИЗО)-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ш. Душанбе ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти макомоти мазкур, мақсад аз ташрифи Ваколатдор ба муассисаи мазкур шиносоӣ […]

ASIA-Plus


Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бо кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор тибқи нақшаи кории мақомот рӯзи 22-юми октябри соли 2013 ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққат ӣ (СИЗО)-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ш. Душанбе ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти макомоти мазкур, мақсад аз ташрифи Ваколатдор ба муассисаи мазкур шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи гумонбаршудагон ва шароити нигоҳдории онҳо буд.

Ба иттилои мнабаъ, ҳангоми сӯҳбат бо сардори муассиса Таваралиев М.Х. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба тартиби нигоҳдории занҳо, ноболиѓон, тартиби азназаргузаронии тиббии гумонбаршудагон, мӯҳлати нигоҳдошт, мавҷуд будани камераҳои назоратӣ дар муассисаи мазкур пурсон шуд. Ҳамчунин, Ваколатдор бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдошти шахсони дар муассиса қарордошта, шароитҳои моддӣ (ҳӯрок, пӯшок, ҷои хоб) ва шароити санитарӣ  шинос шуд.

Зимни боздид Ваколатдор ба ҳуҷраҳое, ки дар он гумонбаршудагон нигоҳ дошта мешаванд, даромада, бо онҳо як ба як сӯҳбат намуда, оид ба муносибати кормандони муассиса нисбати онҳо пурсон шуд.

Инчунин ҳангоми боздид ба кормандони муассиса талаботҳои санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва қонунгузории амалкунанда оид ба меъёрҳои муносибат бо шахсони гумонбаршуда фаҳмонида шуд.

Дар вақти боздид маълум гардид, ки умуман шароити нигоҳдорӣ дар муассисаи зикргардида қаноатбахш аст.

Бояд қайд кард, ки боздидҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз чунин муассисаҳо дар оянда идома меёбанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.