Журналист Маҳмадюсуф Исмоилов боз дар курсии ҷавобгарӣ

Дар вилояти Суғд мурофиаи додгоҳии журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ҷараён дошта, ӯро ба тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ гумонбар медонанд. Мурофиа дар додгоҳи ноҳияи Ашт таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Мстчоҳ Диловар Сафаров мегузарад. Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта суд нишондодҳои ҷониби айбдоркунандаро шунид, ки аз ҷониби М.Исмоилов гирифтани маблагӣ пулӣ аз онҳоро тасдиқ карданд, вале судшаванда далелҳои зикршуда […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд мурофиаи додгоҳии журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ҷараён дошта, ӯро ба тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ гумонбар медонанд.

Мурофиа дар додгоҳи ноҳияи Ашт таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Мстчоҳ Диловар Сафаров мегузарад.

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта суд нишондодҳои ҷониби айбдоркунандаро шунид, ки аз ҷониби М.Исмоилов гирифтани маблагӣ пулӣ аз онҳоро тасдиқ карданд, вале судшаванда далелҳои зикршуда ва даст доштан дар ин амалҳоро рад намуд.

Адвокати журналист Садриддин Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои собит кардани бегуноҳии зерҳимояаш ва даст надоштани ӯ дар ин амалҳо кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Рӯзи душанбе, 28-уми октябр музокироти ҷонибҳо дар суд доир гардид. Ба журналистон ҷиҳати озодона ҳузур доштан дар мурофиа иҷозат дода шуд

М.Исмоилов дар содир намудани ҷиноят аз рӯйи ду моддаи  Кодекси ҷиноятии ҶТ: 247 қисми  2 «тақаллубкорӣ» ва 250 қисми  2 «тамаъҷӯӣ» гумонбар дониста мешавад.

Журналист аз 29-уми июн дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Душанбе қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи иттилоъи паҳннамудаи ВКД Тоҷикистон, 24-уми июн ба ШВКД дар ноҳияи Ашт сокини ҳамин ноҳия Аҳадова Санавбар муроҷиат кардааст, ки 21-уми июн дар ҳудуди шаҳраки Шайдон, шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф аз ӯ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100-сомонӣ гирифтааст.

Сипас, такроран рӯзи 24-уми июн  Исмоилов М., барои нашр накардани ин маълумот бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб кардааст»,- оварда шудааст дар сомонаи ВКД.

Ҳамчунин Исмоилов М., зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт баъди гирифтани 400-сомонӣ аз Аҳадова бо далели шайъӣ дастгир карда шуд.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи ноябри соли 2010 Маҳмадюсуф Исмоилов муддати 11 моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҳабси пешакӣ қарор гирифта буд. Ӯ дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189, қ. 2 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ) гумонбар дониста шуда буд.

Моҳи октябри ҳамон сол дар бинои тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ баргузор шуда, бо қарори суд журналист аз рӯйи тамоми моддаҳои дар боло зикршуда гунаҳкор дониста шуд. Суд ба ӯ дар ҳаҷми 50 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима баст, аммо бо назардошти муддати 11 моҳ дар ҳабс қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима ба миқдори 17 ҳазору 500 сомонӣ кам гардида, 33 ҳазор сомониро ташкил дода буд. Ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти рӯзноманигорӣ ба муддати 3 сол маҳрум гардида, аз толори суд озод шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.