Тоҷикистон шартномаи сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистонро ба имзо мерасонад

Ҳукумати Тоҷикистон ба баррасии Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон оғоз кард. Созишномаро моҳи сентябри соли 2013 дар Бишкек сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба имзо расонида буданд. Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, […]

Заррина Эргашева


Ҳукумати Тоҷикистон ба баррасии Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон оғоз кард. Созишномаро моҳи сентябри соли 2013 дар Бишкек сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба имзо расонида буданд.

Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тибқи лоиҳа ин лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистону Тоҷикистон то вилояти мухтори Ӯйғури Чин кашида мешавад.

«Дар Тоҷикистон созишнома то ахири ҳамин сол тасдиқ мегардад. Кор рӯйи таҳияи созишномаи мазкур аз соли 2006 оғоз гардида, вале бинобар сабаби мавҷуд набудани маблағгузорӣ амалисозии он мавқуф гузошта шуда буд. Айни замон маблағгузориро Чин ба уҳда гирифт», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, масофаи лӯлаи мазкур дар қаламрави Тоҷикистон 400 километр буда, эҳтимол меравад, ки то ахири соли 2016 сохтмони он ба анҷом расад ва тавассути он ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад.

«Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. $ сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам месозад. Ғайр аз ин, барои кашидани лӯлаи интиқоли газ ва роҳандозии хизматгузории минбаъда ба он корхонаи муштарак таъсис дода мешавад», – иттилоъ доданд аз вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки ин лӯлаи интиқоли газ метавонад яке аз шохаҳои лӯлаи ояндаи Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон гардад, ки аз анҷоми амалисозии ин лоиҳа соли 2017 интизорӣ меравад. Маблағи тахминии лоиҳаи мазкур 7,6 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Душанбе – Машҳад – Душанбе пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.