ВКД ба пурсиши А.Ҳукуматулло ва ҳамсари ӯ оғоз кард

Зимни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ аз рӯйи далели садамаи нақлиёти шоми рӯзи 9-уми октябр дар пойтахт бо иштироки Расул Амонуллои 16-сола, ки бар асари он се нафар ба ҳалокат расидаву се тани дигар ҷароҳат бардоштанд, падару модари ӯ – раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукуматулло ва ҳамсараш ба бозпурсӣ даъват шуданд. Бино ба иттилои сомонаи […]

ASIA-Plus


Зимни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ аз рӯйи далели садамаи нақлиёти шоми рӯзи 9-уми октябр дар пойтахт бо иштироки Расул Амонуллои 16-сола, ки бар асари он се нафар ба ҳалокат расидаву се тани дигар ҷароҳат бардоштанд, падару модари ӯ – раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукуматулло ва ҳамсараш ба бозпурсӣ даъват шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, айни замон барои дақиқ муайян намудани ҳолатҳои ҳодисаи мазкур як қатор экспертизаҳо таъин карда шудаанд. «Аз ҷумла, экспертизаи автотехникӣ-трассологӣ, суддӣ-тиббӣ, автотехникӣ ва наворшиносӣ, автотехникӣ ва аксшиносӣ, автотехникӣ таъин карда шуда аст, ки пас аз гирифтани хулосаҳо, мақомоти тафтишотӣ нисбат ба парвандаи ҷиноятӣ қарори қонунӣ қабул менамояд», – зикр мегардад дар иттилои вазорат.

Ба иттилои ВКД, худи навраси гумонбаршуда низ

мавриди бозпурсӣ

қарор дорад. Қаблан ВКД иттилоъ дода буд, ки вобаста ба садамаи нақлиётии мазкур тафтишоти пешакӣ идома ёфта, барои дастрас намудан ва мавриди пурсиш қарор додани иштирокчии дигари садамаи мазкур Шарипов Умар чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Дар ҳамин ҳол, Амонуллои Ҳукуматулло ба гунаҳкор будани писараш дар ин садама

бовар надорад

. «Агар писари ман гунаҳкор бошад, бигузор конун дар ҳаққаш кадом ҷазое, ки раво бошад, бубинад, вале  мақомоти дахлдор гуноҳ доштанашро муайян накарда, расонаҳои хабарӣ ҳангомаҳои бардурӯғ паҳн кардаанд, – гуфт сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон».

Амонуллои Ҳукуматулло аз он, ки писараш ба Олмон рафтааст,  иқрор аст ва  иброз намуд, ки билети ӯ барои парвоз ба ин кишвар  аллакай як ҳафта  пеш омода буд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.