Иштироки Э.Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои сафорати Тоҷикистон дар Белорус

Дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Беларусро, ки дар мавзеи хушбоду […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус иштирок карда, дар ҳудуди он бо тоҷикон ва ҳамватанони муқими Беларус мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Беларусро, ки дар мавзеи хушбоду ҳавои як гӯшаи шаҳри Минск қарор дорад, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре аён гардид, бинои нави Сафорат сеошёна буда, дар он тамоми шароити корию маишӣ барои кормандон ва қабули меҳмонон муҳайё гардидааст. Бинои Сафорат дорои толори барҳавои маҷлисӣ, утоқҳои муҷаҳҳази корӣ, ошхона, ҳавлии зебо ва боғи дарахтони мевадиҳанда ва ороишию сояафкан мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ роҳбарият ва кормандони Сафоратро бо ифтитоҳи бинои нав табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд самараи кори онҳо дар роҳи рушди муносиботи ҳасанаи Тоҷикистону Беларус бештару беҳтар мегардад.

Дар боғи зебои сафорати Тоҷикистон аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва муовини сарвазири Ҷумҳурии Белорус Анатолий Калинин яктогӣ ниҳоли себ шинонда шуд.

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Белорус дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ ба ҳайси меҳмон иштирок ва андешаронӣ кард.

Ба ҳайси меҳмон дар ин ҳамоиш, ҳамчунин сарони давлатҳои Арманистону Украина ва намояндаи Қирғизистон иштирок доштанд. Ёдрас мекунем, ки ба ҳайати Иттиҳоди гумрукӣ Русия, Белорус ва Қазоқистон шомил мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.