Ҳ.Зарифӣ бо ҳамтоҳои худ аз ИДМ барномаи мубориза бо ҷинояткориро баррасӣ кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар арафаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар шаҳри Минск иштирок намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба доираи васеи ҳамгироии мутақобила дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар арафаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар шаҳри Минск иштирок намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба доираи васеи ҳамгироии мутақобила дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, як қатор ҳуҷҷатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки ҷиҳати таъмиқи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таъмини амният ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи гуманитарӣ дар бар мегиранд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, масъалаҳои омодагӣ ба ҷашнгирии 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945), ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳод дар соҳаи сайёҳӣ то соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаи чораҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, хариду фурӯши одамон тасдиқ гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.