Тоҷикистон шартномаи сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистонро ба имзо мерасонад


Ҳукумати Тоҷикистон ба баррасии Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон оғоз кард. Созишномаро моҳи сентябри соли 2013 дар Бишкек сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба имзо расонида буданд.

Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тибқи лоиҳа ин лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистону Тоҷикистон то вилояти мухтори Ӯйғури Чин кашида мешавад.

«Дар Тоҷикистон созишнома то ахири ҳамин сол тасдиқ мегардад. Кор рӯйи таҳияи созишномаи мазкур аз соли 2006 оғоз гардида, вале бинобар сабаби мавҷуд набудани маблағгузорӣ амалисозии он мавқуф гузошта шуда буд. Айни замон маблағгузориро Чин ба уҳда гирифт», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, масофаи лӯлаи мазкур дар қаламрави Тоҷикистон 400 километр буда, эҳтимол меравад, ки то ахири соли 2016 сохтмони он ба анҷом расад ва тавассути он ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад.

«Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. $ сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам месозад. Ғайр аз ин, барои кашидани лӯлаи интиқоли газ ва роҳандозии хизматгузории минбаъда ба он корхонаи муштарак таъсис дода мешавад», – иттилоъ доданд аз вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки ин лӯлаи интиқоли газ метавонад яке аз шохаҳои лӯлаи ояндаи Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон гардад, ки аз анҷоми амалисозии ин лоиҳа соли 2017 интизорӣ меравад. Маблағи тахминии лоиҳаи мазкур 7,6 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное