Дар Хатлон 8 муҳоҷири кории ғайриқонунии покистонӣ ошкор шуданд

Дар вилояти Хатлон 8 муҳоҷири кории ғайриқонунии покистонӣ ошкор шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» и. в. сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев иттилоъ дод, будубоши ғайриқонунии онҳо дар қаламрави вилоят зимни баргузории амалиёти «Нелегал», ки аз 23-юми сентябр то 11-уми октябр баргузор шуд, ошкор гардидааст. «Нисбат ба шаҳрвандони Покистон барои будубоши ғайриқонунӣ дар […]

Сайраҳмон Назриев


Дар вилояти Хатлон 8 муҳоҷири кории ғайриқонунии покистонӣ ошкор шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» и. в. сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев иттилоъ дод, будубоши ғайриқонунии онҳо дар қаламрави вилоят зимни баргузории амалиёти «Нелегал», ки аз 23-юми сентябр то 11-уми октябр баргузор шуд, ошкор гардидааст.

«Нисбат ба шаҳрвандони Покистон барои будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи умумии 8 ҳазору 760 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин дар ҷараёни ин амалиёт барои риоя накардани муқаррароти будубош дар қаламрави Тоҷикистон 1 шаҳрванди Афғонистон ва 4 шаҳрвнди Чин аз қаламрави кишвар хориҷ карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.