АМВАОМТ: Парвандаи ҷиноӣ нисбати М.Исмоилов фармоиши сиёсӣ аст

– Парвандаи ҷиноӣ нисбати Маҳмадюсуф Исмоилов фармоиши сиёсӣ буда, ба маҳдуд сохтани озодии баён дар Тоҷикистон равона шудааст, – иброз дошт дар робита ба ин қазия роҳбари Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев. Ба қавли ӯ, нисбати Маҳмадюсуф Исмоилов ин ҳукм хеле сангин аст ва ҷониби ҳимоя бояд аз ин ҳукм […]

Мавлуда Рафиева


– Парвандаи ҷиноӣ нисбати Маҳмадюсуф Исмоилов фармоиши сиёсӣ буда, ба маҳдуд сохтани озодии баён дар Тоҷикистон равона шудааст, – иброз дошт дар робита ба ин қазия роҳбари Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев.

Ба қавли ӯ, нисбати Маҳмадюсуф Исмоилов ин ҳукм хеле сангин аст ва ҷониби ҳимоя бояд аз ин ҳукм ба зинаҳои болоии таҷдиди назар шикоят кунад.

«Мо намегӯем, ки Исмоилов батамом гунаҳкор нест, вале бар ин назареем, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ гуноҳи ӯ исботи худро наёфт ва чунин ба назар мерасад, ки ин парвандаи ҷиноӣ як фармоши сиёсӣ мебошад», – зикр кард номбурда.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар суди ноҳияи Ашт таҳти раёсати судяи ноҳияи Мастчоҳ Диловар Сафаров мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи собиқ журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ба итмом расида, ӯ ба 11 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.