Дар ҷануби кишвар нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуд

Хоҷагиҳои пахтакори вилояти Хатлон аз иҷрои нақшаи имсолаи ҷамъоварии пахта мужда доданд. Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то санаи 28-уми октябр пахтакорони минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 100%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Кишоварзони вилояти Суғд то имрӯз беш аз 100 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст […]

Пайрав Чоршанбиев


Хоҷагиҳои пахтакори вилояти Хатлон аз иҷрои нақшаи имсолаи ҷамъоварии пахта мужда доданд.

Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то санаи 28-уми октябр пахтакорони минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 100%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Кишоварзони вилояти Суғд то имрӯз беш аз 100 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст овардаанд, ки 90%-и дурнаморо ташкил медиҳад. Ба пахтакорони ноҳияҳои тобеи марказ то имрӯз ҷамъоварии 10,2 ҳазор тонна ҳосил муяссар шудааст, ки ба 43%-и нақша баробар аст.

Ба аввали ҳафтаи равон дар саросари кишвар дар маҷмӯъ беш аз 380 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид, ки ҳудуди 94%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар Тоҷикистон имсол дар майдони 192 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии беш аз 406 ҳазор тонна ҳосил дар назар аст. Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.