Барои таблиғоти Э.Раҳмон фраксияи парлумонии ҲХДТ озими минтақаҳо шуд

Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар палатаи поёнии парлумон имрӯз дар ҳайати пурра ҷиҳати вохӯрӣ бо интихобкунандагон озими манотиқи ҷумҳурӣ шуд. Ҳадаф аз сафар шарҳу таблиғи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақоми президентӣ аз ҲХДТ, президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Роҳбари фраксияи ҲХДТ дар МНМО ҶТ Махфират Хидирова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, […]

Аваз Юлдошев


Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар палатаи поёнии парлумон имрӯз дар ҳайати пурра ҷиҳати вохӯрӣ бо интихобкунандагон озими манотиқи ҷумҳурӣ шуд. Ҳадаф аз сафар шарҳу таблиғи барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақоми президентӣ аз ҲХДТ, президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Роҳбари фраксияи ҲХДТ дар МНМО ҶТ Махфират Хидирова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки аъзои фраксия ҳар кадоме дар ҳавзаҳои интихоботии худ бандҳои муҳими барномаи Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳолӣ шарҳу тавзеҳ дода, ҳамчунин дар маҳалҳо корҳои таблиғотӣ мегузаронанд.

Ҳайати палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат буда, 45 нафарашон аъзои ҲХДТ мебошанд. Ҳизби коммунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва ҲНИТ ҳар кадоме дар парлумон соҳиби ду курсӣ мебошанд. Нуҳ нафар вакилони Маҷлиси намяондагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ғайриҳизбианд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.