Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе аз муомилоти навбатии ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда шуд.
Сардори дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки субҳи мирӯз кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддирп сокини ноҳияи Восеъ Муродалӣ Тошакови 38-соларо дастгир намуданд.
Ба қавли сарчашма, ҳангоми кофтукови либосҳо ва борхалтаи ӯ ҳудуди 3 кило маводи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, боздоштшуда маводи мухаддирро ба пойтахт барои фурӯш овардааст. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд.


