Ташкилоти ҷамъиятии «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир» дар шаҳри Хоруғ барои намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ маркази махсуси ёрии ҳуқуқиро ифтитоҳ кардааст.
Сохтори нав фаъолияти худро дар назди Маркази ёрии ҳуқуқии шаҳри Хоруғ оғоз бахшидааст. Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи «Озодии иттиҳод дар ВМКБ» бо дастгирии Комиссияи рушди демократияи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Чӣ тавре ки ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Манучеҳр Холиқназаров, сарвари «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир» иброз дошт, ин лоиҳа ба пешбарии ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, ворид кардани меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон ба қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқӣ, инчунин рушди мардумсолорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат мекунад.
«Мақсади лоиҳа таъмини дастрасии аҳолӣ ва намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба озодии иттиҳод ва адолати додгоҳӣ, инчунин мусоидат ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ВМКБ мебошад. Лоиҳа сатҳи ҳимояи ҳуқуқии созмонҳои ҷамъиятии маҳаллиро баланд мебардорад», – афзуд Манучеҳр Холиқназаров.
Ҳамзамон бо пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқшиносони баландихтисос, дар доираи лоиҳа боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва кормандони ташкилотҳои ҷамъиятии минтақавӣ тавассути гузаронидани силсилаи давраҳои омӯзишии мавзӯӣ дар назар аст.
Маркази махсуси ёрии ҳуқуқӣ барои намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо таҷҳизоти муосири коргоҳӣ ва ҷиҳози зарурӣ таъмин карда шудааст. Барои мусоидат ба фаъолияти муассири он барномаи иттилотию ҳуқуқии «Адлия» насб гардида, дастрасӣ ба Интернет фароҳам шудааст.



