Раиси пойтахт бори дигар омодагӣ ба мавсими сарморо санҷид

spot_imgspot_img

Дата:


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи якшанбе ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими зимистонро доир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, М.Убайдуллоев раҳбарияти корхонаҳои масъули қубурҳои гармидиҳиро муваззаф сохт, ки то 20-уми ноябр камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.

«Раиси пойтахт ба муовинони соҳавии худ супориш дод, ки масъалаи харид, расонидан ва дар манзилҳои сокинони пойтахт насб кардани ҳисобкунакҳои гармиро мавриди омӯзиш қарор диҳанд», – иброз дошт Саидов.

Ба қавли ӯ, ба Раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории пойтахт супориш дода шуд, ки ба корҳои лоиҳакашии маҳаллаҳои аҳолинишини «Ховарон», ки ба 904 оила аз ин мавзеъ қитъаи замин дода мешавад, суръат бахшанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...