«Интер РАО ЕЭС» дар Тоҷикистон се нерӯгоҳи барқӣ месозад

Душанбе. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Интер РАО ЕЭС»-и Русия дар Тоҷикистон се нерӯгоҳи обиву барқӣ месозад. Қобили зикр аст, ки зимни сафари расмии президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ин ширкати русиягӣ Ёддошти тафоҳуми ба роҳ мондани фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди лоиҳаҳои энергетикӣ дар […]

Виктория Наумова






Душанбе. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Интер РАО ЕЭС»-и Русия дар Тоҷикистон се нерӯгоҳи обиву барқӣ месозад. Қобили зикр аст, ки зимни сафари расмии президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ин ширкати русиягӣ Ёддошти тафоҳуми ба роҳ мондани фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди лоиҳаҳои энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расида буд.



Аз Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба ширкати Русия се лоиҳа – Нерӯгоҳи Урфатин дар рӯдхонаи Хингоб, нерӯгоҳи Оббурдон дар рӯдхонаи Зарафшон ва нерӯгоҳи Явроз дар рӯдхонаи Кофарниҳон пешниҳод гардид.



Бино ба иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсолии бузургтарин аз ин нерӯгоҳҳо 250 МВт буда, нишондиҳандаҳои дақиқ пас аз таҳияи заминаи иқтисодиву фаннии лоиҳаи сохтмон муайян карда мешаванд.



«Барои татбиқи муқаррароти ёддошт комиссияи дуҷониба ташкил гардида, он дар ҷаласаи аваалин муайян хоҳад кард, ки кадоме аз ин лоиҳаҳо аз ҳама пештар амалӣ карда мешавад», – афзуд сарчашма.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.