То ахири ҳафта майдони «Дӯстӣ» шабона баста мешавад

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Вазорати мудофиа иҷозат дод, ки ҳамарӯза то 16-уми ноябр аз соати 20 то 24 дар майдони «Дӯстӣ» машқҳои гузашти низомӣ ба муносибати маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистонро баргузор кунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, дар ин робита аз раҳбарияти Вазорати мудофиа риояи […]

Аваз Юлдошев


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Вазорати мудофиа иҷозат дод, ки ҳамарӯза то 16-уми ноябр аз соати 20 то 24 дар майдони «Дӯстӣ» машқҳои гузашти низомӣ ба муносибати маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистонро баргузор кунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, дар ин робита аз раҳбарияти Вазорати мудофиа риояи қоидаҳои вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ, таъмини тартибот ва интизоми ҳарбӣ талаб карда шудааст.

«Зимни машқҳои гузашти низомӣ кормандони раёсатҳои корҳои дохилии пойтахт ва мақомоти амнияти миллӣ ҳаракати нақлиёт ва раҳгузаронро тариқи қаламрави майдони «Дӯстӣ» маҳдуд мекунанд», – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки баъди маросими савгандёдкунии сарвари давлат дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 7 ҳазор афсарону сарбозони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузашти низомӣ доир мегардад.

То гузашти низомӣ маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, сарбозон ва афсарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба садоқат ба президенти тозаинтихоб баргузор мешавад.

Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ карда, гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.