Якчанд заминларза дар Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир

Тайи рӯзҳои ахир дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи заминларза рух дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази обуҳавошиносии Душанбе хабар доданд, заминларзаи ахир субҳи имрӯз соати 07:03 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шуда, дар Душанбе қувваи заминларза 3 балл ва дар маркази он, дар 21 километрии ҷанубу шарқи пойтахт 4 баллро ташкил додааст. […]

ASIA-Plus


Тайи рӯзҳои ахир дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи заминларза рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази обуҳавошиносии Душанбе хабар доданд, заминларзаи ахир субҳи имрӯз соати 07:03 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шуда, дар Душанбе қувваи заминларза 3 балл ва дар маркази он, дар 21 километрии ҷанубу шарқи пойтахт 4 баллро ташкил додааст. Маркази заминларза дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат, деҳаи Андигон воқеъ будааст.

Шоми дирӯз соати 17:03 дақиқаи вақти маҳаллӣ низ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуда, тибқи маълумоти пешакии обуҳавошиносон, дар марказ, қаламрави ноҳияи Ваҳдат қувваи он ба 5 балл ва дар шаҳри Душанбе ба 4 балл баробар будааст.

Қабл аз ин, рӯзи якшанбе соати 10:15 дақиқа бо вақти маҳаллӣ низ заминларза эҳсос гардида, қувваи он дар марказ 5 балл ва шаҳри Душанбе 4 баллро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА, заминларзаи қувваи 5,2 балл дар 21 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, 11 километрии шимолу ғарби шаҳраки Ёвон ба қайд гирифта шуда, маркази он дар чуқурии 17,8 километр воқеъ будааст. Дар бораи хисорот ва талафоти ҷонӣ маъълумот дода намешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.