Ҳалокати 6 нафар дар садамаҳои нақлиёти ахири ҳафтаи гузашта

Бар асари се ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки рӯзҳои ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳрҳои Истаравшану Исфара ва ноҳияи Хуросон рух доданд, 6 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои ВКД ҶТ, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини ноҳияи Рӯдакӣ Бобоёр Файзиеви 37-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд назди даромадгоҳи дарвозаи ш.Истаравшан, аз уҳдаи […]

ASIA-Plus


Бар асари се ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки рӯзҳои ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳрҳои Истаравшану Исфара ва ноҳияи Хуросон рух доданд, 6 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини ноҳияи Рӯдакӣ Бобоёр Файзиеви 37-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд назди даромадгоҳи дарвозаи ш.Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарвозаи мазкур бархӯрдааст, ки дар натиҷа автомашина оташ гирифта, се нафар мусофирони он ҳалок ва ронандаву боз як мусофир ба бемористон мунтақил шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар қаламрави шаҳри Исафра ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Марк» Мақсуд Ашӯрбоеви 34-сола бо автомашина велосипедрон Одилхӯҷа Нозирови 45-соларо пахш намуда, велосипедрон дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронанда боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», сокини 21-солаи ноҳияи Хуросон Мансур Ҳайитов зимни ҳаракат дар қаламрави деҳаи Фахрободи ҳамин ноҳия аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдухолиқ Ғиёсови 20-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Сипас ҳаракаташро давом дода, дар километри 47-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қурғонтеппа, дар ҳудуди деҳаи Даҳана-киики ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракати  роҳро риоя накарда, ба канори чапи роҳ баромада чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.