Ҳамраъйии ИА ба арзёбии интихоботи президенти ҶТ аз ҷониби САҲА ва ИМА

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амният, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кэтрин Эштон шароитҳои маҳдуд барои бақайдгирии номзадҳо дар маъракаи интихоботи ахири президенти Тоҷикистонро, ки ба норасоии имконоти интихоб ва гуногунандешӣ боис гардиданд, зикр кард. Бино ба иттилои сафорати Олмон дар ҶТ, мувофиқи изҳороти котиби матбуотии Намояндаи олии ИА, К.Эштон ҷараёни […]

ASIA-Plus


Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амният, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кэтрин Эштон шароитҳои маҳдуд барои бақайдгирии номзадҳо дар маъракаи интихоботи ахири президенти Тоҷикистонро, ки ба норасоии имконоти интихоб ва гуногунандешӣ боис гардиданд, зикр кард.

Бино ба иттилои сафорати Олмон дар ҶТ, мувофиқи

изҳороти

котиби матбуотии Намояндаи олии ИА, К.Эштон ҷараёни орому мусолиматомези интихоб дар Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, вале ба талаботи эҷоди мушкилот ҳангоми бақайдгирии номзадҳо ишора намудааст.

Гуфта мешавад, К.Эштон бодиққат маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон наззора карда, бахусус ба сатҳи иштироки аҳзоби мухолиф дар марҳилаи пешазинтихоботӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро ба интихоботи озод, демократӣ, фарогир ва шаффоф даъват намуда, нақши озодии ВАО ва озодии баёнро таъкид дошта буд.

«Намояндаи олӣ аз он изҳори таассуф мекунад, ки тавсияҳои пешинаи Дафтари САҲА оид ба Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башар (САҲА/ДИДҲБ) пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон амалӣ нагардиданд ва бори дигар даъват мекунад, ки ин тавсияҳо мавриди истифода қарор дода шаванд», – омадааст дар изҳорот.

Ҳамчунин Эштон аз ҳукуматдорони тоҷик даъват мекунад, ки бо маҳдудият ва қонуншиканиҳое, ки дар иттилоияи пешакии САҲА/ДИДҲБ зикр шуда буданд, пурсамар муборизаро ба роҳ монад. «ИА омода аст, ки Тоҷикистонро дар кӯшишҳо барои ба мутобиқат овардани интихобот мувофиқи уҳдадориҳои САҲА ва дигар меъёрҳои байнулмилалии интихоботи демократӣ дастгирӣ намояд», – иброз доштааст намояндаи Иттиҳоди Аврупо.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ҳолатҳои ба ин монанди маъракаи ахири интихоботи президенти Тоҷикистон аз ҷониби

САҲА/ДИДҲБ

ва

Департаменти давлатии ИМА

мавриди интиқод қарор гирифта буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.