Таваҷҷуҳи ширкати бузурги истеҳсоли масолеҳи сохтмон ба иқтисоди Тоҷикистон

Директори минтақавии ширкати бузурги фаронсавии Lafarge бо қароргоҳ дар Покистон Амр Реда ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо бо корхонаҳои Тоҷикистон дар бахши истеҳсоли масолеҳи сохтмон ба Душанбе ташриф овард. Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, чанде қабл дар Вазорат бо ҳайати ширкати «Lafarge» таҳти роҳбарии директори минтақавии ширкати мазкур ҷаноби Амр Реда вохӯрӣ […]

ASIA-Plus


Директори минтақавии ширкати бузурги фаронсавии Lafarge бо қароргоҳ дар Покистон Амр Реда ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо бо корхонаҳои Тоҷикистон дар бахши истеҳсоли масолеҳи сохтмон ба Душанбе ташриф овард.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, чанде қабл дар Вазорат бо ҳайати ширкати «Lafarge» таҳти роҳбарии директори минтақавии ширкати мазкур ҷаноби Амр Реда вохӯрӣ баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот қайд гардид, ки айни замон байни ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмию техникӣ мавҷуд буда, маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар ҷаласаҳои он баррасӣ мегардад ва минбаъд ворид кардани масоили ҳамкориҳои дуҷониба оид ба соҳаи семент ба рӯзномаи ҷаласаҳои комиссияи муштарак мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Гуфта мешавад, бо мақсади баррасии масоили ҳамкориҳо роҳбарияти Ширкати «Lafarge» дар доираи ин сафар тасмим гирифтааст, ки инчунин бо роҳбарони корхонаҳои оҳану бетонӣ, заводи «Хуаксин Семент Менеҷмент», корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе низ мулоқот намояд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, айни замон дар Тоҷикистон 11 корхонаи сементбарорӣ, 86 корхонаи хиштбарорӣ ва 76 корхонаи маводи ғайримаъданӣ ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон машғуланд.

Ширкати фаронсавии «Lafarge SA» яке аз истеҳсолкунандаи бузурги масолеҳи сохтмон дар саросари ҷаҳон ба шумор меравад. Ширкат соли 1993 таъсис ёфта, дафтари марказии кориаш дар шаҳри Париж воқеъ аст. Корхонаҳои ширкат дар 78 кишвари дунё фаъолият доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.