Густариши ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Русия

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси сафорати Русия дар Тоҷикистон вохӯрии сафири ин кишвар дар ҶТ Игор Лякин-Фролов бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов доир гардид. Тавре дар иттилоияи сафорати Русия дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, зимни мулоқот масоили ҳамкории бевоситаи дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар доираи […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси сафорати Русия дар Тоҷикистон вохӯрии сафири ин кишвар дар ҶТ Игор Лякин-Фролов бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов доир гардид.

Тавре дар иттилоияи сафорати Русия дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, зимни мулоқот масоили ҳамкории бевоситаи дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар доираи ИДМ, СААД ва СҲШ баррасӣ шуданд.

«Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сатҳи ҳамкориҳо бо шарикони русиягиро дар тамоми самтҳо, аз ҷумла, мубориза бо ифротгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ, ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва ҳамчунин кӯмаки Русия дар омода ва бозомӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилии ҶТ дар муассисаҳои таълимии низоми ВКД Русияро мусбат арзёбӣ намуд», – гуфта мешавад дар иттилоия.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷониби Тоҷикистон шаклҳои ҳамкорӣ ба монанди баргузории коллегияи солонаи муттаҳидаи ВКД ҳарду кишвар ва ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ-ро пурсамар арзёбӣ намудааст, ки қарорҳои қабулшуда дар онҳо ба фаъол гардидани табодули маълумоти фаврӣ, беҳбуди самаранокии чорабиниҳои муштараки фаврии пешгирӣ ва ҷустуҷӯи афроди таҳти пайгарди байнидавлатӣ қарордошта мусоидат мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.