Зилзилашиносони амрикоӣ ба Душанбе омаданд

Дар Академияи улуми Тоҷикистон вохӯрии коршиносони тоҷику амрикоӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши зилзилашиносӣ ҷараён дорад. Нахуст коршиносони амрикоӣ бо президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов дидору гуфтушунид карда, ин дақиқаҳо дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар бахши зилзилашиносӣ» семинари илмӣ-амалӣ гузашта истодааст. Дар доираи семинар атрофи ду гузориши коршиносони амрикоӣ оид ба масоили барномаҳои ҳамкорӣ оид […]

Фирӯз Умарзода


Дар Академияи улуми Тоҷикистон вохӯрии коршиносони тоҷику амрикоӣ оид ба ҳамкорӣ дар бахши зилзилашиносӣ ҷараён дорад.

Нахуст коршиносони амрикоӣ бо президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов дидору гуфтушунид карда, ин дақиқаҳо дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар бахши зилзилашиносӣ» семинари илмӣ-амалӣ гузашта истодааст.

Дар доираи семинар атрофи ду гузориши коршиносони амрикоӣ оид ба масоили барномаҳои ҳамкорӣ оид ба зилзилашиносӣ, таҳқиқоти муштарак ва фаъолият оид ба фароҳам овардани имконот, иншооти миллӣ ва глобалӣ барои мушоҳида ва табодули кушоди таҷриба барои дастгирии пажуҳишгоҳҳои зилзилашиносӣ ва як маърӯзаи академик тоҷик Собир Неъматулооев дар мавзӯи «Таҳқиқоти зилзилашиносӣ ва арзёбии оқибатҳои заминларзаҳои имконпазири шадид бо мақсади коҳиши хатари зилзила» табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, рӯзи 14-уми ноябр зилзилашиносон аз майдони сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» боздид намуда, боз 6 гузориши навбатиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Сафари зилзилашиносони амрикоӣ ба Тоҷикистон бо боздид аз нерӯгоҳи «Норак» рӯзи 16-уми ноябр ба итмом мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ