Коршиносони Белорус лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи таълими томактабӣ»-ро ташхис карданд

Бори нахуст дар таърихи фаъолияти парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи таълим ва тарбияи  томактабӣ», ки аз ҷониби гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумон таҳия гардида буд, бо дархости ҷониби Тоҷикистон мавриди ташхиси коршиносони Белорус қарор гирифт. Дар ин бора зимни баррасии ин лоиҳа дар парлумон яке аз муаллифони он, вакили МНМО ҶТ Нурулло Оқилов […]

Аваз Юлдошев


Бори нахуст дар таърихи фаъолияти парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи таълим ва тарбияи  томактабӣ», ки аз ҷониби гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумон таҳия гардида буд, бо дархости ҷониби Тоҷикистон мавриди ташхиси коршиносони Белорус қарор гирифт. Дар ин бора зимни баррасии ин лоиҳа дар парлумон яке аз муаллифони он, вакили МНМО ҶТ Нурулло Оқилов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, баргузории ташхиси лоиҳаи қонуни мазкур дар Белорус ба он марбут аст, ки дар ин кишвар беш аз 98%-и кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шуда, ин нишондиҳанда беҳтарин дар саросари ҷаҳон шуморида мешавад. «Имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 10% ва кишвари ҳамсояи Қирғизистон ҳудуди 16% бо таълиму тарбияи томактабӣ фарогир мебошанд», – иброз дошт ӯ.

Яке аз муаллифони қонун мутмаин аст, ки бо қабул ва ҷорисозии он дар ҳаёт сатҳи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар Тоҷикистон бамаротиб афзун хоҳад шуд. «Дар лоиҳаи қонун шаклҳои гуногуни таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, тарзи роҳандозии фаъолияти онҳо ва воситаҳои дастгирии онҳо аз ҷониби давлат пешбинӣ шудааст», – афзуд номбурда.

Пас аз баррасии яксоата вакилони палатаи поёнии парлумон лоиҳаи қонуни мазкурро маъқул шумориданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ