Қатъи қабули мавҷҳои алоқаи мобилӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ

Барои қатъи қабули мавҷҳои алоқаи мобилӣ дар ҳудуди муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мавҷнишонак насб шудааст. Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин чорабинӣ бо мақсади таъмини амният пеш аз маърака ва дар давоми интихоботи президентӣ рӯйи даст гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин чорабинӣ то […]

ASIA-Plus


Барои қатъи қабули мавҷҳои алоқаи мобилӣ дар ҳудуди муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мавҷнишонак насб шудааст.

Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин чорабинӣ бо мақсади таъмини амният пеш аз маърака ва дар давоми интихоботи президентӣ рӯйи даст гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин чорабинӣ то анҷоми пурраи маросими савгандёдкунии президенти тозаинихоб, ки рӯзи 16-уми ноябр доир мегардад, идома хоҳад ёфт.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ, дар Тоҷикистон 18 муассисаи ислоҳӣ, аз ҷумла 5 тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО), 8 муассисаҳои ислоҳии низоми гуногун, 1 муассисаи тарбиявӣ барои ноболиғон, 1 зиндон ва 3 муассисаи ислоҳии сукунат амал мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Тоҷикмобайл» дар ин робита иттилоъ доданд, ки воқеъан ҳам дар давраи интихоботи президентӣ барои қатъи қабули алоқаи мобилӣ мавҷнишонак гузошта шуда буд, вале аллакай 8-уми ноябр ин таҷҳизот аз қабули мавҷи ширкати онҳо гирифта шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ