То ахири сол 50%-и нафақахӯрон бо корти пластикӣ таъмин мешаванд

Низоми электронии пардохти нафақа тариқи кортҳои бонкӣ танҳо соли 2015 комилан дар қаламрави Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад. Тавре Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, низоми нав шаффофият ва пардохти бидуни ҳама гуна таъхирро таъмин мекунад, зеро худи низом мустақилона ҳаракати маблағ аз замони интиқол ба суратҳисобҳои инфиродӣ то замони дастрас шудани он […]

Пайрав Чоршанбиев


Низоми электронии пардохти нафақа тариқи кортҳои бонкӣ танҳо соли 2015 комилан дар қаламрави Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад.

Тавре Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, низоми нав шаффофият ва пардохти бидуни ҳама гуна таъхирро таъмин мекунад, зеро худи низом мустақилона ҳаракати маблағ аз замони интиқол ба суратҳисобҳои инфиродӣ то замони дастрас шудани он аз ҳама гуна банкомат ё POS-терминали «Амонатбонк»-ро пайгирӣ мекунад.

«Арзёбии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки осиёгии рушд нишон дод, ки дар натиҷаи ҷорисозии низоми пардохти нафақаҳо тавассути кортҳои бонкӣ эъттимоди нафақахӯрон ба бонкҳо беҳтар гардида, онҳо имкон пайдо намуданд, ки нафақаро дар вақти барояшон қулай натанҳо дар маҳалли зист, балки дар саросари ҷумҳурӣ дастрас кунанд ва акнун нафақахӯрон оид ба амонатҳои худ иттилооти электронӣ гирифта, малакаҳои анҷоми амалиёти ғайринақдӣ ва дигар амалиёти бонкиро меомӯзанд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорат, айни замон дар 20 шаҳру навоҳии кишвар пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ анҷом пазируфта, то ахири сол ин низом боз дар 7 ноҳияи дигар роҳандозӣ мегардад. «Баъди ин фарогирии нафақахӯрон бо ин низом қариб 50% аз шумори умумии нафақахӯрони кишварро ташкил хоҳад дод», – илова намуданд дар вазорат.

Тибқи иттилои БДА «Амонатбонк», ба ахири нимсолаи аввали соли равон шумори умумии нафақахӯрон дар Тоҷикистон 623 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки ба ин шумор ҳам нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам дигар нафақахӯрон шомил мебошанд.

Гуфта мешавад, айни замон дар саросари ҷумҳурӣ 61 адад банкомат ва 208 адад POS-терминали «Амонатбонк» мавриди истифода қарор дорад. Феълан ҳаҷми ҳадди ақали нафақа дар Тоҷикистон 200 сомониро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ