Барномаи пешазинтихоботии Раҳмон асоси барномаи рушди кишварро ташкил медиҳад

– Барномаи пешазинтихоботии президенти тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон асоси баронмаи ҳукумат оид ба рушди кишвар дар 7 соли минбаъдаро ташкил медиҳад, – иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ. Ба гуфтаи ӯ, раиси ҲХДТ, президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ситоди пешазинтихоботии худ супориш додааст, ки […]

Аваз Юлдошев


– Барномаи пешазинтихоботии президенти тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон асоси баронмаи ҳукумат оид ба рушди кишвар дар 7 соли минбаъдаро ташкил медиҳад, – иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти ҲХДТ.

Ба гуфтаи ӯ, раиси ҲХДТ, президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ситоди пешазинтихоботии худ супориш додааст, ки барномаҳои пешазинтихоботии рақибонашро дақиқан мавриди омӯзиш қарор дода, ба бандҳое, ки воқеъан ҳам ба рушди иқтисод ва ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ ҷумҳурӣ мусоидат карда тавонанд, таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

«Рӯзҳои наздик ситоди пешаинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон шакли ниҳоии барномаи ӯро ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард, ки дар он ҳатман баъзе пешниҳоду тавсияҳо аз барномаҳои рақибони ӯ дарҷ хоҳад шуд», – таъкид дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки ба сифати номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон расман 6 нафар – президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов ба қайд гирифта шуда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.