Сафири Русия: Тасдиқи созишнома дар бораи муҳоҷирон дар арафаи анҷомёбист

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки айни замон ҷараёни тасдиқи Созишнома дар бораи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия дар Думаи давлатӣ ба марҳилаи хотимавӣ расид. «Тибқи созишнома, шаҳрвандони тоҷике, ки муваққатан ба қаламрави Русия ворид мешаванд, муддати 15 рӯз (қаблан 7 рӯз муқаррар шуда […]

Заррина Эргашева


Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки айни замон ҷараёни тасдиқи Созишнома дар бораи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия дар Думаи давлатӣ ба марҳилаи хотимавӣ расид.

«Тибқи созишнома, шаҳрвандони тоҷике, ки муваққатан ба қаламрави Русия ворид мешаванд, муддати 15 рӯз (қаблан 7 рӯз муқаррар шуда буд) аз уҳдадории худро ба қайд гузоштан дар мақомоти салоҳиятдори Русия озод карда мешаванд. Мо бар ин назарем, ки ин ҷараён дар фурсати наздиктарин ба итмом мерасад», – иброз дошт ӯ.

Ғайр аз ин, ӯ хотиррасон намуд, ки рӯзи 29-уми октябри соли равон дар Маскав Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома аз 16-уми октябри соли 2004 дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид.

«Дар протоколи мазкур додани иҷозати кор ба шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳлати то се сол дар қаламрави Русия пешбинӣ шудааст, ки он асос барои тамдиди муҳлати будубоши муваққатии коргар дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати амали иҷозати кор бидуни хориҷ шудан аз ҳудуди  ин кишвар мебошад ва феълан ин санад мавриди мувофиқа ва омодакунӣ барои тасдиқ дар Думаи давлатии Русия қарор дорад», – гуфт сафир.

Бино ба иттилои Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия беш аз 1 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.