Ҳалокати муҳоҷири ба ватан баргашта аз хӯриши заҳролуд

Як муҳоҷири ба ватан баргашта, сокини 27-солаи деҳаи Сафедоби ҷамоати Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ И.К. аз истемоли хӯриш (салат)-и хобонидашуда заҳролуд ва ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори маркази №2-и нозироти санитарӣ-эпидемиологии минтақаи Кулоб Саидасвар Аламов дар ин робита иттилоъ дод, муҳоҷири ба ватан баргашта ду нафар дӯстонашро ба манзили худ барои хӯрдани оши […]

Турко Дикаев


Як муҳоҷири ба ватан баргашта, сокини 27-солаи деҳаи Сафедоби ҷамоати Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ И.К. аз истемоли хӯриш (салат)-и хобонидашуда заҳролуд ва ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори маркази №2-и нозироти санитарӣ-эпидемиологии минтақаи Кулоб Саидасвар Аламов дар ин робита иттилоъ дод, муҳоҷири ба ватан баргашта ду нафар дӯстонашро ба манзили худ барои хӯрдани оши палав даъват намуда, аз хӯриши хобонидашудаи  модараш, ки дар шароити хона таҳия гардида буд, заҳролуд мешавад.

«Пас аз 12 соати истеъмоли таъом И.К. ва меҳмононаш ба бемористон оварда шуда, наҷоти соҳибхона ба табибон муяясар нашуд ва айни замон вазъи солимии дӯстонаш бехатар аст», – изҳор намуд Аламов.

Сардухтури санитарии минтақа аз он изҳори таассуф намуд, ки эпидемиологҳо мудом тавассути телевизиону дигар ВАО тадбирҳои эҳтиётиро ба сокинон шарҳ медиҳанд вале то ҳанӯз аҳолӣ дар тайёр кардани хӯришҳои хобонидашуда аз сабзавот ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.