Гузориши САҲА оид ба таъсири нерӯгоҳҳои хурд ба рушди Рашт

Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон гузориш оид ба таъсири нерӯгоҳҳои хурди обиву барқӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии водии Раштро пешниҳод кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои март-октябри соли ҷорӣ дар ҳамдастӣ бо Маркази рушди нерӯгоҳҳои хурди Тоҷикистону Норвегия дар деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва Тагоби […]

ASIA-Plus


Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон гузориш оид ба таъсири нерӯгоҳҳои хурди обиву барқӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии водии Раштро пешниҳод кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои март-октябри соли ҷорӣ дар ҳамдастӣ бо Маркази рушди нерӯгоҳҳои хурди Тоҷикистону Норвегия дар деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва Тагоби ин водӣ таҳқиқот анҷом дода шуд.

Гурӯҳи коршиносон вазъи рушди ноҳияҳои дорои нерӯгоҳҳои хурд ва ҳамчунин имконоти гидроэнергетикии дарёҳои водии Раштро мавриди арзёбӣ қарор дода, бар асоси натоиҷи таҳқиқот ҷиҳати беҳбуди шароитҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавсиҳо пешниҳод намуданд.

«Бо назардошти имконоти назарраси гидроэнергетикии кишвар, мебояд зикр намуд, ки ин ташаббус иқдоми муҳим дар роҳи рушди устувори Тоҷикистон мебошад», – гуфтааст Ханс Питер Ларсен, муовини роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон.

Ба андешаи ӯ, барои манотиқи деҳот энергетика яке аз муҳаррикҳои асосии рушди саноат, бахши кишоварзӣ, нақлиёт ва телекоммуникатсия мебошад. «Вазъи воқеӣ дар масъалаи таъсири нерӯгоҳҳои хурд ба рушди минтақа, ки дар гузориш дарҷ ёфтааст, ба мақомоти маҳаллӣ ва ҳамчунин созмонҳои байнулмилалӣ дар таҳияи барномаи рушди устувори мамлакат кӯмак мерасонад», – иброз доштааст номбурда.

Дар семинари бахшида ба муаррифии гузориш беш аз 50 нафар намоянагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилаливу ғайриҳукуматӣ ва коршиносони бахши захираҳои обиву энергетика ширкат варзиданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ брифинг баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ