Барқияи табрикии президенти Ҳиндустон ба Эмомалӣ Раҳмон

Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бори навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш идома дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи зикр мегардад, ки Ҳиндустон ва Тоҷикистон равобити анъанавии наздик ва дӯстона дошта, минбаъд низ ба нафъи мардуми кишварҳо рушд хоҳанд ёфт. Дар […]

ASIA-Plus


Вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бори навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи шодбошии президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи зикр мегардад, ки Ҳиндустон ва Тоҷикистон равобити анъанавии наздик ва дӯстона дошта, минбаъд низ ба нафъи мардуми кишварҳо рушд хоҳанд ёфт.

Дар барқияи табрикотии сарвазири Малайзия Дато Сри Мохд Наҷиб изҳори умедворӣ мешавад, ки зери роҳбарии хирадмандонаи президенти тозаинтихоб Тоҷикистон ҳаловати суботи сиёсиро идома дода, минбаъд низ ҷиҳати шукуфоӣ талош мекунад.

Дар барқияи табрикотии Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Таир Мансуров изҳор мешавад, ки бо шарофати сиёсати давлатии самараноки Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба комёбиҳои муҳим дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардид.

Струан Стивенсон, вакили Парлумони Аврупо дар номаи шодбошии худ мегӯяд: «Талошҳои Шумо барои бунёди иқтисодиёти таҳким ва рушдёбанда, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии тамоми тоҷикистониён нигаронида шудааст, боиси дастгирӣ аст. Нишонаи аввалини ин ҳаракат барои рушд, бешубҳа, хотимаи лоиҳаи сохтмони НОБ-и Роғун аст, ки эҳтиёҷоти энергетикии Тоҷикистонро қонеъ хоҳад гардонд, инчунин имконият хоҳад дод, ки қувваи барқ ба Покистон ва Афғонистон содир карда шавад. Орзу дорам, ки ин лоиҳа ҷомаи амал пӯшад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ